Ноябр 10, 2017 20:55 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Трамп зидди Кореяи Шимолӣ дар нишасти APEC дар Ветнам

Раисҷумҳури Амрико имрӯз дар суханронии худ дар нишасти солонаи сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия дар Ветнам бори дигар Кореяи Шимолиро ба баҳонаи доштани таслиҳоти ҳастаӣ таҳдид кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Доналд Трамп дар ин нишаст хитоб ба раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт, оянда шибҳиҷазираи Корея ва минтақа набояд дар ихтиёри ӯ ва таслиҳоти ҳастаии Пхенян бошад. Ӯ ҳамчунин бар иттиҳоди Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ зидди Кореяи Шимолӣ таъкид кард.

Раисҷумҳури Амрико дар бахши дигаре аз суханони худ бар ташдиди иқдомоти ҳимоятӣ аз иқтисоди Амрико дар ҷаҳон таъкид карда афзуд, акнун интизори ин аст, ки бозорҳои АРЕС ба сурати бештар бар рӯйи иқтисоди Амрико боз бошад. Раисҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, шуғлу саноат аз Амрико ба бисёре аз кишварҳо рафта, дар ҳоле ки фурсатҳо барои Амрико аз байн рафтааст. Трамп ҳамчунин дар ин нишаст гуфт, Амрико ба дунболи он аст, ки тиҷорати мунсифонае бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла аъзои АРЕС дошта бошад.