Ибрози ҳамдардии кишварҳои ҳамсояи Эрон бо бозмондагони қурбониёни зилзила
(last modified Mon, 13 Nov 2017 16:06:27 GMT )
Ноябр 13, 2017 21:06 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии кишварҳои ҳамсояи Эрон бо бозмондагони қурбониёни зилзила

Дар паи вуқуи зилзилаи дишаб дар марзи Эрону Ироқ ва кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз мардум, давлатҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия бо бозмондагони қурбониён, давлат ва миллати Эрон ҳамдардӣ карданд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдулллҳ Абдуллоҳ, раисҷумҳур ва раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири умури хориҷаи Покистон, ҷон бохтани садҳо нафарро бар асари заминларзаи шаби гузашта, ба мардуму давлатҳои ҷумҳурии исломии Эрону Ироқ таслият гуфтанд .

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Мавлуд Човуш Уғлу, вазири хориҷаи Туркия низ ҳар кадом дар паёмҳои ҷудогона, ин воқеаи мусибатборро ба давлату миллати Эрон ба вижа бозмондагони қурбониёни ҳодиса таслият гуфтанд .

Заминларзае ба бузургии 7.3 дар миқёси амвоҷи дарунии замин “рихтер”, якшанбе шаб манотиқи ғарбии Эрон ва ҳамчунин манотиқи шарқии Ироқро ларзонд .

Охирин омори ҷонбохтагони ин заминларза дар Эрон, беш аз 370 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон беш аз шаш ҳазор нафар аз сӯи ниҳодҳои масъули Эрон эълом шудааст .