Ноябр 19, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Пентагон аз ҷароими ахлоқии густарда дар артиши Амрико

Дафтари пешгирӣ ва посух ба озори ҷинсии Вазорати дифои Амрико, Пентагон, гузорише аз ҷароими густардаи ахлоқии марбут ба артиши ин кишварро дар саросари ҷаҳон, мунташир кард.

Ба нақл аз ABC News, дар ин гузориш, ҷузъиёти марбут ба озори ҷинсӣ дар артиши Амрико шомили нерӯи дарёӣ, туфангдорони дарёӣ, нерӯи ҳавоӣ ва бахшҳои вобаста ба он ба вижа дар манотиқи ҷангӣ мисли Ироқу Афғонистон мунташир шудааст .

Ин гузориш, ки солона таҳия мешавад, нишон медиҳад, 58 дарсад аз қурбониёни ҷароими ҷинсӣ дар артиши Амрико пас аз гузоришу пайгирии моҷаро, бо иқдоми талофиҷуёнаи мутаҷовизон рӯ ба рӯ шуданд .

Бино бар эъломи Вазорати дифои Амрико, гузоришҳои озори ҷинсӣ дар артиши Амрико аз шаш ҳазору 83 маврид дар соли 2015, ба шаш ҳазору 172 маврид дар соли 2016 афзоиш ёфтааст .

Артиши Амрико борҳо дар иртибот бо озори ҷинсии занони низомӣ ва низ ривоҷи ҳамҷинсгароӣ дар даруни артиш, дучори буҳронҳои густарда шудааст .