Ноябр 20, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии СММ аз хатарҳои пеши рӯи оворагони Руҳингиё

Созмони Милали Муттаҳид аз хатарҳои пеши рӯи оворагони мусулмони Руҳингиё дар масири кӯчи иҷборӣ аз Миёнмор, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Анатолий”, Вилям Спиндлер (William Spindler), сухангӯи Комиссари олии оворагони СММ дар конфронси хабарӣ эълом кард, ки ин созмон аз афзоиши шумори мусулмонони Руҳингиё, ки аз роҳҳои хатарнок барои фирор аз Миёнмор истифода мекунанд, бисёр нигарон аст.

Бар асоси эъломи Созмони Милали Муттаҳид, аз 25 моҳи август то кунун беш аз 200 нафар аз мусулмонони Руҳингиё, ки қасд доштанд аз тариқи руди марзи “Naf” миёни Миёнмор ва Бангладеш худро ба он кишвар бирасонанд, ғарқ шудаанд.

Спиндлер афзуд, оворагони саркӯб шудаи Руҳингиё пул ва имконоте надоранд, барои убур аз руди марзи Миёнмор ва Бангладеш маҷбӯр мешаванд аз васоили хатарнок, ҳамонанд қаиқҳои дастсохти шиновар бар об истифода кунанд, ки ин бисёр ҳодисасоз аст.

Саркӯби густурдаи мусулмонони Руҳингиё дар устони Рохин дар ғарби Миёнмор ба дасти неруҳои артиши ин кишвар аз 25 август шурӯъ шуд, ки ҳазорон кушта ва маҷрӯҳ барҷой гузоштааст.

Ҳамчунин то кунун садҳо ҳазор мусулмони Руҳингиё барои наҷоти ҷони худ ба Бангладеш фирор кардаанд.

 

 

Барчасп