Ноябр 22, 2017 13:36 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомоти ҷадиди Амрико бар зидди шаҳрванди Узбакистон

Мақомҳои қазоии Амрико иттиҳомоти террористии ҷадидеро бар зидди Сайфулло Саипов (Соҳибов)-шаҳрванди Узбакистон матраҳ карданд.

Ба гузориши сомонаи “CA News”, вазорати додгустарии Амрико рӯзи гузашта дар изҳороте, ин шаҳрванди Узбакистонро ба қатли фаҷеъи ҳашт нафар ва сӯиқасд ба ҷони 12 нафар, ҳимоят аз аҳдофи ДИИШ ва истифода аз худрави иҷораӣ барои иқдомоти ҷиноӣ муттаҳам кард.

Пеш аз ин низ додгоҳ шаҳри Ню-Йорк иттиҳомотеро дар заминаи аъмоли террористӣ бар зидди Сайфулло Саипов (Соҳибов) матраҳ карда буд, ки дар сурат исботи онҳо ҳукми эъдом ё ҳабси абадро барои вай дар пай хоҳад дошт.

Сайфулло Саипов (Соҳибов), узбактаборе аст, ки аз соли 2010 дар Амрико ба сар мебарад ва дар рӯзи 31 октябр имсол бо худрав, шуморе аз мардум ва мусофиронро дар маҳаллаи Манҳатани Ню-Йорк зер гирифт, ки дар ин ҳодиса ҳашт нафар кушта ва беш аз даҳ нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, Сайфулло Саипов дар ростои аҳдофи ДИИШ даст ба ҷиноят задааст.