Ноябр 22, 2017 22:27 Asia/Dushanbe
  • Путин: Бидуни Эрон ва Туркия ҷанг дар Сурия мутаваққиф намешуд

Раисҷумҳури Русия дар оғози Нишасти сарони Русия, Эрон ва Туркия дар бораи Сурия дар шаҳри Сочӣ гуфт: Бидуни нақшофаринии Эрону Туркия, ҷанг дар Сурия мутаваққиф намешуд.

Ба нақл аз Ирно, Владимир Путин дар ин нишасти сеҷониба гуфт: Агар талоши Эрону Туркия набуд, имрӯз раванди сулҳи Остона вуҷуд надошт ва пирӯзӣ бар терроризми байналмилалӣ дар Сурия ҳосил намешуд .

Вай афзуд: Замони он фаро расидааст, ки се кишвари ҳомии сулҳ дар Сурия бо ҳамкории якдигар дар мавриди маҷмуаи барномаи эҳё ва бозсозии ин кишвар, ки бар асари ҷанги тӯлонӣ ба шиддат осеб дидааст, барномарезӣ кунанд .

Раисҷумҳури Русия гуфт: Эрон, Русия ва Туркия бояд ҳадди аксари талоши мумкинро ба кор гиранд, то ин раванд натиҷа диҳад. Нишасти сеҷонибаи Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳурии Эрон, Русияв а Туркия рӯзи чаҳоршанбе баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд .