Созмони байналмилалии муҳоҷират: Баҳри Миёназамин маргбортарин марзи дунё аст
Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) эълом кард, аз соли 2000 то кунун беш аз 33 ҳазор нафар дар талош барои расидан ба Аврупо аз тариқи Баҳри Миёназамин, ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, Jorge Galindo аз аъзои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Женева гуфт, гузориши ин созмон нишон медиҳад, ки аз соли 2000 то 2017 дастикам 33 ҳазору 761 тан дар Баҳри Миёназамин ҷони худро аз даст дода ё мафқуд шудаанд ва дар ин солҳо марзи аврупоии Баҳри Миёназамин (Мидитарона) ба маргбортарин марзи дунё табдил шудааст.
Мудир Муассисаи маркази сиёсатҳои муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо дар Италия ҳам ҳушдор додааст, бастани масирҳои кӯтоҳ ва камхатар боиси рӯй овардани муҳоҷирон ба масирҳои пурхатар ва тӯлонӣ шуда ва эҳтимоли марг дар дарёро афзоиш додааст.
Профессор Philippe Fargues тасреҳ кард, оморҳои расмӣ ба эҳтимоли зиёд камтар аз арқоми воқеӣ трагедии инсонӣ дар дарёи Баҳри Миёназамин аст.
Тибқи оморҳои расмӣ, фақат дар соли 2017 ҳудуди се ҳазор нафар дар гузар аз Баҳри Миёназамин (Мидитарона) ба сӯи савоҳили Аврупо кушта ё мафқуд шудаанд.