Ҳамоиши солгарди таъсиси бахши забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Пекин
(last modified Sat, 25 Nov 2017 13:23:53 GMT )
Ноябр 25, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши солгарди таъсиси бахши забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Пекин

Ҳамоиши 60-умин солгарди таъсиси бахши забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Пекин имрӯз (шанбе) баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, раиси донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Пекин дар ин ҳамоиш гуфт, аввалин бахши забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Пекин, дар сол 1957 ташкил шуд ва дар соли 1960 ҳам аввалин устоди чинии ин донишгоҳ интихоб шуд.

Хонум Нинг Чи афзуд, ин донишгоҳ ба унвони як донишгоҳи модар дар пешбурди забоншиносии форсӣ дар Чин ва ҳамчунин иртиқои забону адабиёти форсӣ дар ин кишвар, нақши бузурге ифо кардааст.

Раиси донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Пекин гуфт, донишҷуёни ин донишгоҳ дар тавсеаи равобити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ду кишвари Эрон ва Чин нақши муҳимме ифо кардаанд.

Ҳамакнун дар ҳафт донишгоҳи Пекин, забон ва адабиёти форсӣ тадрис мешавад ва беш аз 100 донишҷӯ низ машғули таҳсил дар ин ришта ҳастанд.