Август 18, 2016 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни истиқлол дар Афғонистон

97-умин солгарди истиқлоли Афғонистон аз истеъмори Англия дар манотиқи мухталифи ин кишвар таҷлил гашт.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи "Хабар"-и Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Ҳукумати иҷроия, ҳамчунин шумори дигаре аз масъулони Афғонистон дар маҳалли Вазорати дифои ин кишвар солрӯзи  истиқлоли кишварашонро ҷашн гирифтанд. Ҳазорон нафар аз ҷавонони афғон низ дар манотиқи мухталифи Афғонистон бо ҳузур дар маконҳои умумӣ ва хиёбонҳои шаҳрҳои мухталиф, дар ҳоле ки парчами кишварашонро дар даст доштанд, 97-умин солгарди истиқлоли Афғонистонро ҷашн гирифтанд.

18 август ба муносибати солрӯзи истиқлоли Афғонистон ҳамасола дар ин кишвар таътили расмӣ эълон мешавад. Афғонистон 97 сол қабл, дар замони ҳукумати Амонуллоҳхон нерӯҳои Англияро шикаст дода, истиқлоли худро эълом кард.

 

Барчасп