Ноябр 26, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Карзай: Амрико омили афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон аст

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, бо афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Кобул, талафоти ғайринизомиёни афғон афзоиш ёфтааст.

Ҳомид Карзай дар ҳамоиши илмӣ дар Олмон гуфт, афзоиши ҳамалоти ҳавоии низомиёни амрикоӣ боиси афзоиши талафоти ғайринизомиёни афғон ва афзоиши ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон шудааст .

Ҳомид Карзай бори дигар бар лузуми баргузории Луии Ҷурга (маҷлиси бузургон) таъкид ва тасреҳ кард, мардуми Афғонистон мехоҳанд, худашон дар бораи сарнавишти кишварашон тасмим бигиранд .

Дар ҳоли ҳозир 14 ҳазор низомии хориҷӣ аз ҷумла 11 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва Вашингтон дарсадади афзоиши низомиёни худ дар ин кишвар аст .

Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи НАТО, токунун ҳеч дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои ин кишвар надоштааст ва ноамнӣ рӯз ба рӯз дар Афғонистон афзоиш меёбад .

 

Барчасп