Ҳушдори Русия дар мавриди танишофаринии Амрико дар шибҳҷазираи Корея
Муовини вазири умури хориҷаи Русия ба Амрико дар мавриди иқдомоти танишофарини низомӣ дар шибҳҷазираи Корея ҳушдор дод.
Игор Мургулов эълом кард, дар ҳоле, ки Кореяи Шимолӣ таваққуфе ду моҳа дар озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаӣ доштааст, Маскав размоишҳо ва таҳаррукоти низомии Амрикову муттаҳидонашро дар шибҳҷазираи Корея манфӣ арзёбӣ мекунад .
Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд: Бо вуҷуди таваққуфи озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ, Амрико қасд надорад, таҳаррукоти низомии худро дар шибҳҷазираи Корея коҳиш диҳад, балки баръакс мехоҳад, размоишҳои дигаре низ баргузор кунад .
Мургулов гуфт: Бо вуҷуди ин, Русияи фаъолона бо Кореяи Шимолӣ ҳамкорӣ мекунад, то таваққуфи озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаии ин кишвар то ҷои мумкин идома ёбад .
Вай афзуд: Пхенян иҷрои нахустин бахши нақшаи роҳи Русияро барои ҳалли буҳрони шибҳҷазираи Корея оғоз кардааст .
Ба гуфтаи мақомоти Русия, ин тарҳ шомили таваққуфи озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар изои таваққуф ё дастикам коҳиши размоишҳо ва таҳаррукоти низомии Амрико-Кореяи Ҷанубӣ аст .
Буҳрон дар шибҳҷазираи Корея бо таҳдидҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи Кореяи Шимолӣ идома дорад .