Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи хурӯҷи ВИЧ дар Аврупо
(last modified Tue, 28 Nov 2017 14:57:40 GMT )
Ноябр 28, 2017 19:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи хурӯҷи ВИЧ дар Аврупо

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи хурӯҷи ВИЧ дар Аврупо ҳушдор дод.

Ба гузориши “Рейтерз”, Сузанна Ҷакаб, мудири минтақаии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо рӯзи сешанбе эълом кард, дар соли 2016 ҳудуди 160 ҳазор мавриди ибтило ба ВИЧ аз 53 кишвари аврупоӣ дар бахши Созмони Ҷаҳонии Тандурустии марбути ин қора ба сабт расидааст. Ҷакаб ҳушдор дод, агар раванди афзоиши гирифторӣ ба бемории ВИЧ дар Аврупо, бавижа дар Аврупои Шарқӣ бо ҳамин суръат пеш биравад, Аврупо қодир ба маҳори он то соли 2030 нахоҳад буд. Мудири минтақаии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо бо ибрози нигаронӣ аз ин омор афзуд, бисёре аз беморон солҳо қабл аз ташхиси олудагӣ ноқили ВИЧ будаанд ва ин амр контроли вирусро ба маротиб душвор месозад, зеро мумкин аст, вирус ба афроди дигар мунтақил шуда бошад.

ВИЧ навъи беморие аст, ки дар дастгоҳи эминии бадан ва аз тариқи вируси нуқси эминӣ эҷод мешавад. Ҳудуди 37 миллион нафар дар саросари ҷаҳон олуда ба ВИЧ аст, ки аксари онон дар кишварҳои фақири африқоӣ зиндагӣ мекунанд.