Ноябр 29, 2017 20:34 Asia/Dushanbe
  • Путин: Аз ҳаққи миллати Фаластин ҳимоят мекунем

Раисҷумҳури Русия дар паёми табрике ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин эълом кард, кишвараш аз ҳаққи мардуми Фаластин барои таъини сарнавишти Фаластин ҳимоят мекунад.

Ба нақл аз РИА Новости, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластинро ба Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардон табрик гуфт .

Вай афзуд: Русия ба унвони узви доими Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ва кумитаи чаҳоргонаи миёнҷигарони байналмилалӣ бар ҳимоят аз ҳаққи қонунии фаластиниён барои таъини сарнавишти худ таъкид дорад .

Путин ҳамчунин гуфт, Русия аз оштии миллии Фаластин ҳимоят мекунад ва омодаи густариши равобити иқтисодии худ бо Фаластин аст .

29 ноябр рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин номгузорӣ шудааст .