Баёнияи Бон Ки Мун барои кӯмак ба ниёзмандони ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i2611-Баёнияи_Бон_Ки_Мун_барои_кӯмак_ба_ниёзмандони_ҷаҳон
Дабири кулли Созмони милали муттаҳид кӯмак ба ниёзмандони ҷаҳонро хостор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 19, 2016 13:57 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Бон Ки Мун барои кӯмак ба ниёзмандони ҷаҳон

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид кӯмак ба ниёзмандони ҷаҳонро хостор шуд.

Ба гузориши Маркази итилоърасонии дафтари Созмони милали муттаҳид дар Теҳрон, Бон Ки Мун, дабири кулли ин созмон дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии башардӯстӣ эълом кард, 130 миллион нафар ба кӯмакҳои башардӯстона ниёзманд ҳастанд, ки ин рақам бесобиқа аст.

Дар баёнияи Бон Ки Мун омадааст: "Роҳи ҳалли буҳронҳое ки ин 130 миллион нафарро гирифтори мушкилот карда, осон нест ва барои ҳалли ин мушкилот бояд бо беадолатӣ мубориза кард".

Гари Луис, намояндаи Созмони милали муттаҳид дар Теҳрон низ дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии башардӯстӣ аз ҳамаи кӯмакрасонони башардӯст қадрдонӣ кард.

19 август Рӯзи ҷаҳонии башардӯстӣ номгузорӣ шудааст.