Декабр 04, 2017 12:13 Asia/Dushanbe
  • Эъломи вуҷуди бомб фаъолияти фурудгоҳи Маскваро мухтал кард

Эъломи вуҷуди бомб дар фурудгоҳи Маскав, фаъолияти ин фурудгоҳро мухтал кард.

Ба гузориши ИРНА, ин ҳодиса соати 11:15 дақиқаи шомгоҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва мусофири ҳангоми бозбинии васоили худ тавассути маъмурони амнияти фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба онҳо гуфт, ки дар чамадони вай бомб вуҷуд дорад.

Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз масъулони фурудгоҳи Домодедово навишт, маъмурони амниятӣ билофосила пас аз суханони таҳдидомези мусофир, маҳдудаи бисёре аз атрофи вайро дар дохили толори фурудгоҳ тахлия карда ва тадобири шадиди амниятӣ дар ин маркази ҳамлу нақл ба иҷро даромад.

Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово дар 25 километрии ҷануби Маскав қарор гирифта ва парвозҳо ба кишварҳои Ҳамсуд дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аз он, анҷом мегирад.

Бар асари ҳамалоти террористӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои қатори Русия бавижа Маскав дар солҳои ахир, даҳҳо тан кушта ё маҷрӯҳ шудаанд.

 

Барчасп