Оғози Размоиши ҳавоии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар шибҳҷазираи Корея
(last modified Mon, 04 Dec 2017 14:44:32 GMT )
Декабр 04, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози Размоиши ҳавоии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар шибҳҷазираи Корея

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳо дар шибҳҷазираи Корея, Размоиши бузурги ҳавоии Амрикову Кореяи Ҷанубӣ аз бомдоди душанбе дар минтақа оғоз шуд.  

Бо ба парвоз даромадани даҳҳо фарванд ҷангандаи F 22 ва F 35 Амрико ва ҳамчунин ҷангандаҳои Кореяи Ҷанубӣ бар фарози осмони ин кишвар ва манотиқи ҳамҷавор, размоиши муштараки панҷрӯзаи ду кишвар оғоз шуд .

Размоиши ҳавоии Амрикову Кореяи Ҷанубӣ дар шибҳҷазираи Корея пас аз он анҷом мешавад, ки Кореяи Шимолӣ як фарванд мушаки қоррапаймои баллистик аз навъи Ҳвасонг 15-ро дар рӯзи чаҳоршанбеи гузашта партоб кард, ки пас аз таи ҳазор километр дар дарёи Ҷопон фуруд омад .

Хабаргузории Юнҳап аз Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, дастикам 230 фарванд ҳавопаймо ва ҷети ҷангӣ аз ҷумла ҷангандаҳои пешрафта ва радаргурези Амрико аз пойгоҳҳои дигари ин кишвар дар хориҷ аз Корея, дар размоиш ширкат доранд .

Вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ рӯзи гузашта дар вокуниш ба ин размоиш бо судури баёнияе гуфта буд, Трамп қасди оғози қимори атомии хатарнокеро дар шибҳҷазираи Корея дорад .