Декабр 07, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Иқдоми Трамп душмании ошкори Амрико бо Ислом аст

Илова бар аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон, гурӯҳи Толибон ҳам иқдоми Амрикоро дар ба расмият шинохтани нахустин қиблаи мусулмонони ҷаҳон ба унвони пойтахти режими Исроил, маҳкум кард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар вокуниш ба тасмими ахири Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар шиносоии Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, бо интишори баёнияе дар “Твиттер”-и худ эълом кард, Амрико бо ин иқдоми иштибоҳ душмании ошкор бо ҷаҳони Ислом ва чеҳраи мутаҷовизи худро нишон дод.

Вай афзуд, Амрико бо ин иқдом аз ғасб ва истеъмор дар кишварҳои исломӣ ҳимоят кард.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон изҳор дошт, Толибон ба расмият шинохта шудани нахустин қиблаи мусулмонони ҷаҳонро ба унвони пойтахти режими Исроил, маҳкум мекунад ва ин иқдоми Амрикоро гоме лабрез аз таассуб ва душманӣ алайҳи уммати исломӣ медонад.

Муҷоҳид тасреҳ кард, раисиҷумҳури Амрико бо ин иқдоми худ ба ҷаҳон ошкоро нишон дод, ки Амрико дар тамоми мушкилоти ҷаҳони Ислом дахил буда ва бо таҷовуз ба кишварҳо ва куштори мардум барои аз байн бурдани арзишҳои исломӣ талош мекунад.

Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки Трамп бо ин тасмимаш дар қиболи Қудс, сабаби афзоиши нафрати мардуми Афғонистон аз Амрико ва машрӯъият ёфтани ҷанги ҷорӣ дар Афғонистон хоҳад шуд.