Декабр 10, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳури Афғонистон бар ҳимоят аз Қудс

Раисҷумҳури Афғонистон бори дигар бар таҳаққуқи ҳуқуқи миллати мазлуми Фаластин ва ҳимоят аз Қудси шариф таъкид кард.

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар дидор бо аъзои Шӯрои уламои Афғонистон дар Кобул бар аҳммияти Байтулмуқаддас ва Фаластин барои мусулмонони ҷаҳон бавижа мардуми Афғонистон таъкид кард .

Вай бо баёни инки Фаластину Байтулмуқаддас барои мусулмонон аҳаммияти вижае дорад, гуфт, ҷаҳони ислом талош мекунад, иҷмои худро дар ҳимоят аз Фаластину Қудс тақвият кунад ва ин масъала фақат ба судури эъломия иктифо нахоҳад шуд .

Аъзои Шӯрои уламоии Афғонистон низ дар ин дидор эълом карданд, давлату миллати Афғонистон дар қиболи ҳимоят аз Фаластину Байтулмуқаддас дидгоҳу мавзеи воҳид доранд .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, Қудсро ба унвони пойтахти режими ҷаълии Исроил муаррифӣ кард.