Декабр 11, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Манҳеттени Ню-Йорк

Идораи полиси Ню-Йорк вуқуи як инфиҷор дар минтақаи Манҳеттени шаҳри Ню-Йоркро тайид кард, аммо ҷузъиёту далоили ин инфиҷор токунун мушаххас нашудааст.

Ба нақл аз Спутник, полиси Ню-Йорк гуфтааст, ин инфиҷор дар хиёбони 42 Манҳеттени наздик майдони Таймс, яке аз шулуғтарин маконҳои Ню-Йорк рӯй додааст ва чандин нафар захмӣ шудаанд .

Мақомҳои амниятии Ню-Йорк чандин истгоҳи метроро дар минтақа тахлия кардаанд .

Дар ҳамин ҳол, манобеи хабарӣ эълом кардаанд, ки як мазнун дар иртибот бо ин инфиҷор боздошт шудааст .

Ин инфиҷор соати 7:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ рух додааст .

Ҳануз гузорише дар мавриди террористӣ будани ин ҳамалот мунташир нашудааст .

Сара Сандерс, сухангуи Кохи Сафед гуфт, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҷарёни вуқуи ин рӯйдод қарор гирифтааст .