Гузориши ҳавлноки намояндаи СММ аз озори ҷинсии занони Роҳингия
(last modified Wed, 13 Dec 2017 13:58:04 GMT )
Декабр 13, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ҳавлноки намояндаи СММ аз озори ҷинсии занони Роҳингия

Намояндаи аршади Созмони милали муттаҳид намунаҳои ҳавлноке аз хушунатҳои ҷинсии низомиёни Мянмариро алайҳи занони Роҳингия баён кард ва хостори судури қатъномаи Шӯрои амният барои таваққуфи фаврии ин хушунатҳо шуд.

Ба нақл аз Ройтерс, Перамила Патин, намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар расидагӣ ба хушунати ҷинсӣ дар ҷанг гуфт, як зани мусулмони Роҳингия ба вай гуфтааст, ки нерӯҳои артиши Мянмар ба муддати 45 рӯз ӯро гаравгон нигаҳ дошта буданду ба таври мудовим ба ӯ таҷовуз мекарданд .

Ба гуфтаи Патин, зани дигаре низ ҳангоми таҳаммули озори ҷинсӣ, ҳадафи зарбу шатми як низомии мянмарӣ қарор гирифта ва биноии як чашми худро аз даст додааст .

Патин афзуд: Бархе шоҳидон гузориш додаанд, ки занону духтарони мусулмон ба сахраҳо ё дарахтон баста мешаванду низомиёни мянмарӣ то ҳадди марг ба онҳо таҷовуз мекунанд .

Тибқи гузоришҳои расида ба ин мақоми Созмони милали муттаҳид, кӯдакон низ пас аз озори ҷинсии гурӯҳӣ ба дохили оташ партоб мешаванд .

Патин таъкид кард, ҳайъати Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид бояд аз Мянмар ва минтақаи Кокси бозори Бангладеш, ки беш аз 626 ҳазор овораи мусулмони Роҳингия ба ин минтақа фирор кардаанд, боздид кунад .