Декабр 13, 2017 22:23 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳимоят аз Байтулмуқаддас

Сарони кишварҳои ширкаткунанда дар Нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ барои дифоъ аз Қудс, бо судури баёнияи поёнӣ таъкид карданд, давлати Фаластин ба марказияти Қудси шарқӣ бояд таъсис шавад.

48 кишвари узви Созмони ҳамкории исломӣ дар поёни Нишасти фавқулодаи сарони ин созмон дар Истанбули Туркия, ки дар вокуниш ба иқдоми раисҷумҳури Амрико дар муаррифии Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ баргузор шуд, эълом карданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бояд Қудси шарқиро ба унвони пойтахти ишғолии давлати Фаластин ба расмият бишносад .

Дар баёнияи Нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ омадааст, “дар сурате, ки Шӯроии амнияти Созмони милал иқдоме дар хусуси тасмими Доналд Трамп дар бораи Қудс накунад, ин парвандаро ба Маҷмаи умумии ин созмон хоҳем фиристод”.

Ширкаткунандагон дар Нишасти фавқулодаи сарони Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин бо радди иқдоми раисҷумҳури Амрико дар бораи Қудс, интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба ин шаҳрро маҳкум карданд .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбе гузашта Қудсро ба унвони пойтахти режими ҷаълии саҳюнистӣ эълом кард, ки ин иқдоми ӯ бо мухолифату вокунишҳои густардаи мардум, сарони кишварҳову маҷомеи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд .