Декабр 14, 2017 16:21 Asia/Dushanbe
  • Кинояи сангини вазири исроилӣ ба раисиҷумҳури Туркия

Вазири иттилоот ва иртибототи режими саҳюнистӣ гуфт, агарчӣ Эрдуғон дар зоҳир ба Исроил метозад, аммо мубодилоти тиҷории Анкара бо Тел Авив бештар ҳам шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, Исраэл Катс гуфт, Эрдуғон бисёр ба мо ҳамлаи лафзӣ мекунад, вале ин интиқодот ва эътирозҳои Эрдуғон аз Исроил, ӯро аз тиҷорати густурда бо Тел Авив, ки муодили ҳудуди 25 дарсад аз ҳаҷми тиҷорати Туркия бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аст, манъ намекунад. Катс афзуд: «албатта мо ба рағми изҳороти Эрдуғон бо ӯ ҳамзистӣ дорем.»

Ба гуфтаи ин вазири саҳюнист, тиҷорати калони Туркия бо Исроил таҳти таъсири суханони Эрдуғон қарор нагирифта, балки баракс, афзоиш ҳам ёфтааст.

Бинобар эъломи манобеи саҳюнистӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии Туркия бузургтарин ширкатҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ ҳастанд, ки дар сарзаминҳои ишғолӣ фаъолият мекунанд.