Декабр 14, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ба думболи навсозии иқтисодии Русия хоҳам буд

Владимир Путин гуфт, агар барои як давраи дигар ба унвони раисиҷумҳури Русия интихоб шавад, ба думболи навсозии иқтисоди ин кишвар хоҳад буд.

Ба гузориши “Associated Press”, раисиҷумҳури Русия имрӯз (панҷшанбе) дар конфронси хабарии солонаи худ, афзуд, вай дӯст дорад Русия «ҳадафи рӯ ба оянда дошта бошад» ва бо афзоиши инъитофпазирӣ иқтисоди худ, короии худро афзоиш диҳад.

Вай гуфт, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, тавсеаи бахши беҳдошт ва омӯзишро дар аввлавият қарор хоҳад дод.

Путин афзуд, дӯст дорад рақобати сиёсии бештареро шоҳид бошад, зеро ин амр боиси тавозуни бештар дар низоми сиёсии ин кишвар мешавад.

Владимир Путин, ки мизони маҳбубияти вай дар назарсанҷиҳо беш аз 80 дарсад аст, ба осонӣ дар интихоботи 18 моҳи март баранда хоҳад шуд.