Декабр 16, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори мина иллати қурбонӣ шудани 100 афғон дар ҳар моҳ

Ҳар моҳ дар Афғонистон сад нафар қурбонии инфиҷори минаҳои ҷосозишуда дар манотиқи мухталифи ин кишвар мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Исломиддин Муҳаммадӣ, масъули як муассисаи поксозии минаи Афғонистон эълом кард, ин кишвар пас аз Яман дувумин кишваре аст, ки бештарин қурбониёни минаро дар ҷаҳон дорад.

Ба гуфтаи Муҳаммадӣ, қурбониёни инфиҷорҳои минаву бомбаҳои канорироҳӣ нисбат ба соли гузашта дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта дар ҷаҳон ҳашт ҳазору 605 тан қурбонии инфиҷори мина шуданд, ки 78 дарсади ононро ғайринизомиён ташкил медиҳанд ва беш аз 40 дарсад аз ин ҷамъ кӯдакон ҳастанд.

Муҳаммадӣ афзуд, бо вуҷуди фаъолияти даҳҳо муассисаи минарӯбӣ ҳанӯз ҳам 600 километри мураббаъ хоки Афғонистон минагузорӣ шудааст.

 

Барчасп