18 декабр, Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунату ифротгарӣ
Имрӯз 18 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунату ифротгарӣ номида шудааст.
18 декабри 2013, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар суханронии худ дар Нишасти Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк, пешниҳоди “ҷаҳони алайҳи хушунату ифротгари”-ро ироа дод, ки бо раъйи қотеи намояндагони 190 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расид .
Ин пешниҳод ба қатъномаи WAVE (Against Violence and Extremism World ) маъруф ва 18 декабр, солрӯзи тасвиби он аст .
Падидаи шуму фарогири хушунат, ифротгарӣ ва терроризм дар солҳои ахир бештарин қурбониёни худро аз миёни мардуми мусулмону бегуноҳи кишварҳои Ховари Миёна ба вижа Ироқ, Сурия ва Афғонистон гирифтааст .
Бо фарогир шудани хушунат дар ҷаҳон, ҳатто кишварҳои Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ ва қорраи Аврупо низ аз он дар амон нестанд .
Ҷавомеи ғарбӣ бояд маншау решаи тарвиҷи ин хушунатҳоро дар даруни худ ҷустуҷу кунанд.
Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Эрон, ки реша дар ҷаҳонбинии инқилоби исломӣ дорад, паёмест, ки ҳамаро ба ҳамкорӣ ва иҷтиноб аз зеҳниятҳои ботили омехта бо рафторҳои хушунатомезу ифротгарӣ, фаро мехонад .