Декабр 21, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ: Марг дар камини беш аз 200 ҳазор кӯдаки шарқи Украина

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, минаҳои коргузошташуда дар шарқи Украина зиндагии 220 ҳазор кӯдакро таҳдид мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ЮНИСЕФ дар баёнияе шарқи Украинаро яке аз хатарноктарин ва олудатарин манотиқи ҷаҳон тавсиф кард ва афзуд, муҳиммоти ба ҷой монда аз ҷанг, шомили минаҳо ва дигар маводи инфиҷорӣ аз январ то ноябри соли 2017 ҳар ҳафта ба ҳисоби миёна як кӯдакро дар ин минтақа кушта ва ё захмӣ кардааст.

 ЮНИСЕФ аз тарафҳои даргирӣ дар шарқи Украина хост, бо пойбандӣ ба тавофуқи оташбас, иҷозаи поксозии минаҳои коргузошташударо бидиҳанд.

Даргириҳо дар шарқи Украина, ки аз соли 2014 шуруъ шудааст, бо вуҷуди тавофуқи оташбас ҳанӯз идома дорад ва то кунун ба кушта шудани беш аз даҳ ҳазор нафар мунҷар шудааст.