Таҳдидҳои Трамп ба кор нарафт. "На"-и бузурги ҷаҳон ба Амрико
Пешнависи қатъномаи Қудс рӯзи панҷшанбе дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо 128 раъйи мувофиқ, 9 раъйи мухолиф ва 35 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид. Бар асоси ин қатънома, Созмони Милали Муттаҳид Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият нахоҳад шинохт.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе таъкид карда буд, Вашингтон кумаки молияшро ба кишварҳое, ки қасд доранд, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид алайҳи тасмими Вашингтон дар бораи Қудс раъй диҳанд, қатъ хоҳад кард.
Дар нишасти фавқулоддаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Қудс Мирослав Лайчак (Miroslav Lajčák), раиси Маҷмаи умумӣ дар вокуниши ғайримустақим ба изҳороти таҳдидомези Доналд Трамп гуфт, дар Созмони Милал Муттаҳид 193 кишвар узвият дорад, ки ҳамаи онҳо аз назари ҷойгоҳу ҳуқуқ ва вазоиф бо якдигар баробар ҳастанд.
Пирӯзии кишварҳои исломӣ ва мустақил дар баробари Амрико ва режими саҳюнистӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вокунишҳои бисёре дар пай доштааст. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дақоиқе пас аз эъломи натиҷаи раъйгирӣ дар маҷмаи умумӣ дар сафҳаи твиттерии худ навишт: «Як "на"-и муҳками ҷаҳонӣ ба таҳдиду қулдурмаоби режими Трамп дар Созмони Милали Муттаҳид». Алексей Пушков, раиси Комиссияи сиёсати иттилоотии Шӯрои Федератсияи Русия ҳам дар “Твиттер” тасвиби қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи Қудс шикасти бузурги Амрико хонд. Пушков ин рӯйдодро нишонаи инзивои байналмилалии Амрико донист. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ рӯзи ҷумъа режими саҳюнистиро режими террористӣ хонда гуфт, Маҷмаи умумӣ ғайриқонунӣ будани тасмими Амрикоро дар бораи Қудс нишон дод ва дунё 196 бор бузгтар аз як кишвар аст.