Маҳрумияти доимии 11 варзишкори рус аз ширкат дар мусобиқоти олимпӣ
(last modified Sat, 23 Dec 2017 08:05:38 GMT )
Декабр 23, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти доимии 11 варзишкори рус аз ширкат дар мусобиқоти олимпӣ

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ 11 варзишкори русро ба иллати иқдом ба допинг дар олимпии зимистонии “Сочи -2014”, барои ҳамеша аз ин мусобиқот маҳрум кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ҳамчунин 9 варзишкори медаловари ин мусобиқот ба иллати радди салоҳияташон дар мусобиқоти Сочи, медалҳояшон аз сӯйи Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ пас гирифта шуд.

Ин тасмими Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ бахше аз таҳқиқоте аст, ки дар мавриди допинги варзишкорони рус дар олимпии зимистонии Сочи дар соли 2014 дар ҷараён аст.

Парвандаи допинги варзишкорони Русия нахустин бор пас аз ифшогариҳои Григорий Родченков, раиси фирории Озмоишгоҳи допинги Маскав, ки ба Амрико паноҳанда шуда, аз олимпии зимистонии 2014-и Сочи ба ҷараён афтод ва Кумитаи Байналмилалии Олимпиро ночор ба озмоиши муҷаддади намунаҳои ҷамъоваришуда кард.

Бар асоси тасмими моҳи гузаштаи Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, парчами Русия дар маҳалли баргузории рақобатҳои олимпии Кореяи Ҷанубӣ барафрошта нахоҳад шуд ва варзишкорони рус ҳам ба таври озод дар ин рақобатҳо ширкат мекунанд.

Ин нахустин бор дар таърихи олимпӣ аст, ки чунин ҷаримаи сангине барои як тим дар назар гирифта мешавад.

Пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия мудохилаи Амрико дар ин мавзӯро мавриди интиқод қарор дода буд.

 Бозиҳои олимпии зимистонии 2018 аз 9 то 25 –уми феврал дар Пюнг Чонги Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.