Оташсӯзии Калифорния бадтарин оташсӯзӣ дар Амрико
(last modified Sat, 23 Dec 2017 10:23:31 GMT )
Декабр 23, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзии Калифорния бадтарин оташсӯзӣ дар Амрико

Оташсӯзӣ дар Калифорния, ки маъмурони оташнишонӣ ду ҳафтаи гузашта барои маҳори он бисёр талош кардаанд, акнун ба бузургтарин оташсӯзӣ аз соли 1932 то кунун табдил шудааст.

Мақомҳои идораи ҷангалдорӣ ва муқобила бо оташсӯзии Калифорния эълом карданд, оташсӯзии мавсум ба “Томас Фойр” аз чаҳоруми декабр то кунун 70 ҳазору 172 гектар заминро тахриб карда ва беш аз 177 миллион доллар хисорат бар ҷой гузоштааст.

 Беш аз ду ҳазору 800 нерӯи оташнишон дар талош барои контрол ва хомӯш кардани оташсӯзӣ ҳастанд, ки то кунун 65 дарсад маҳор шудааст.

 Имсол бадтарин сол ба лиҳози вуқӯи оташсӯзӣ дар Калифорния будааст.