Ҳамли 816 кило кокаин бо сангпушти дарёӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27281-Ҳамли_816_кило_кокаин_бо_сангпушти_дарёӣ
Горди соҳилии Амрико як сангпушти дарёӣ, ки 816 килограм кокаин ба арзиши 53 миллион доллари амрикоиро, ки ба ӯ васл шуда буд, дар соҳилҳои Флорида наҷот дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 23, 2017 12:25 Asia/Dushanbe

Горди соҳилии Амрико як сангпушти дарёӣ, ки 816 килограм кокаин ба арзиши 53 миллион доллари амрикоиро, ки ба ӯ васл шуда буд, дар соҳилҳои Флорида наҷот дод.

Ин бастаҳо бо таноб ба бадану гардани сангпушт васл шуда буданд ва ҳамли онҳо дар дарё боис шуда буд, ки бадани ин хазандаи кӯчак ҷарроҳоти бисёре бардорад.

Дар ҳоли ҳозир дар уқёнуси Ором як амалиёти густурдаи байналмилалӣ бо ширкати 18 кишвар барои мубориза бо созмонҳои ҷинояткоре, ки ба ҳамлу нақли маҳмулаҳои ғайриқонунӣ машғуланд, дар ҳоли иҷро аст.