Декабр 23, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Кореяи Шимолӣ дар Шӯрои амният

Шӯрои амнияти Созмони Милал қатъномаеро дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷадид алайҳи Кореяи Шимолӣ дар вокуниш ба озмоиши мушаки баллистики қорапаймои ахири ин кишвар тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа ба иттифоқи оро қатъномаеро алайҳи Кореяи Шимолӣ тасвиб ва таҳримҳои ҷадидеро алайҳи ин кишвар дар вокуниш ба озмоиши мушаки баллистики қорапаймои ахири Пхенян ҷорӣ кард.

Дар ин қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бар мамнуияти 90 дарсадии содироти фаровардаҳои нафтӣ ба Кореяи Шимолӣ аз тариқи коҳиши он ба 500 ҳазор бушка дар сол таъкид кард.

Дар ин қатънома ҳамчунин бозгардонда шудани коргарони Кореяи Шимолӣ ба кишвари худашон зарфи муддати 12 моҳ хоста шудааст.

Бар асоси ин қатънома, ки Амрико пешнависи онро таҳия карда буд, ҳамчунин содироти нафти хом ба Кореяи Шимолӣ низ ба чаҳор миллион бушка дар сол маҳдуд хоҳад шуд.

Амрико аз Чин дархост кардааст, таъмини нафт барои ин кишвари ҳамсоя ва муттаҳиди худро маҳдуд кунад.

Сафири Ҷопон дар СММ гуфт, ин қатъномаи ҷадид алайҳи Кореяи Шимолӣ бо раъйи мусбати ҳар 15 узви Шӯрои амният тасвиб шуд.

Ҷопон дар ҳоли ҳозир раёсати давраии Шӯрои амнияти Созмони Милалро барои ин моҳ ба ӯҳда дорад.

Кореяи Шимолӣ 29-уми ноябр эълом кард, як мушаки баллистики қорапаймои ҷадидро бо муваффақият озмоиш кардааст, ки метавонад хоки Амрикоро ҳадаф қарор диҳад.