Декабр 24, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Кореяи Шимолӣ ба таҳримҳои Созмони Милал

Кореяи Шимолӣ эъмоли таҳримҳои ҷадид аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи ин кишварро, навъе иқдоми ҷангӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтрез”, вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ, имрӯз (якшанбе) дар баёнияе эълом кард, таҳримҳои ҷадиди Шӯрои амнияти Созмони Милал алайҳ ин кишвар ҳамчун муҳосираи иқтисодии комили як кишвар аст.

Вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар ин баёния бо маҳкум кардани таҳримҳои ҷадиди Шӯрои амнияти Созмони Милал, тақвияти системаи боздорандаи ҳастаиро танҳо роҳи муқобила бо зиёдахоҳии Амрико дар минтақаи шибҳи ҷазираи Корея донист.

Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи ҷумъа (22 декабри ҷорӣ) дар қолаби як қатънома, таҳримҳои шадидтаре алайҳи Кореяи Шимолӣ тасвиб кард.

Тибқи ин қатънома, содироти нефт ба Кореяи Шимолӣ бояд 90 дарсад коҳиш ёбад ва ҳамаи атбои Кореяи Шимолӣ, ки дар хориҷ аз ин кишвар дар ҳоли кор кардан ҳастанд, бояд зарфи 12 моҳ ба Кореяи Шимолӣ бозгарданд.