Арзаи нони “ҷирҷирак” дар Финляндия + видео
Бахши нонвоии гурӯҳи “Fazer”, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ дар Финляндия ноне тавлид карда, ки муташаккил аз ҳудуди 70 ҷирҷирак (чирчирак/сверчок)-и хонагии хушкшуда аст.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Эй Пи Ти Эн, ба гуфтаи масъулони ин воҳиди тавлидӣ, ин ҷирҷиркҳо пас аз ин ки хушк шуданд, ба сурати пудр (хока) ба орди ин нон афзуда мешаванд, ки се дарсад аз вазни ин нонро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи мудири бозорёбии ширкати “Fazer”, ин нон бо даст дуруст мешавад ва дар пухти он ибтидо ҷирҷиркҳо осиёб ва сипас бо орд пухта мешаванд.
Маззаи ин нон шабеҳи нонҳои маъмулӣ аст, аммо ба хотири доштани протеини фаровон, арзиши ғизоии болое дорад. Зеро ҳафтод дарсади бадани як ҷирҷиракро протеин, витамин, оҳан ва калсиюм ташкил медиҳад.