Август 22, 2016 10:39 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Туркия барои истифодаи Русия аз пойгоҳи

Нахуствазири Туркия эълом кард, замина барои истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии "Инҷирлик" барои ҳамла ба аҳдофи террористӣ дар Сурия фароҳам аст.

Ба гузориши "Форс", баъд аз муҷаввизи Эрон ба ҳузури бомбафканҳои рус дар пойгоҳи ҳавоии "Нужа"-и Ҳамадон, дар ғарби Эрон, Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия низ эълом кард, Русия метавонад аз пойгоҳи ҳавоии "Инҷирлик" барои ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи террористҳо дар Сурия истифода кунад.

Йилдирим афзуд, ҳеч гуна дархости расмӣ аз Маскав барои истифода аз таъсисоти низомии "Инҷирлик" дар шаҳри Онодои Туркия дарёфт накардааст, аммо Русия метавонад аз хоки Туркия барои ҳамла ба аҳдофи террористҳо дар Сурия истифода кунад.

Нахуствазири Туркия гуфт, Туркия пойгоҳи "Инҷирлик"-ро барои мубориза бо террористҳои ДИИШ кушода аст ва акнун Амрико ва Қатар аз ин пойгоҳ истифода мекунанд.

Йилдирим дар ҳоле ин изҳоротро матраҳ мекунад, ки фармондеҳи нерӯи ҳавоии Амрико дар рӯзҳои ахир ба як шабакаи русӣ гуфтааст, Вашингтон бо ҳузури Маскав дар пойгоҳи ҳавоии "Инҷирлик" мухолиф аст.  

Барчасп