Декабр 30, 2017 22:31 Asia/Dushanbe
  • Идомаи талошҳои яктарафаи Баку барои ҷалби ризояти режими Исроил

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон нишони давлатии “Дӯсти”-и давлати Бакуро ба намояндаи Ҳизби “Исроил хонаи мо” дар парлумони (Кнессет) режими саҳюнистӣ эъто кард.

Дар фармони Илҳом Алиев таъкид шудааст, ки аз Роберт Викторович Илатов, раиси гурӯҳи дӯстии Кнессет бо Маҷлиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба хотири хадамоти вай барои густариши равобити ҷумҳурии Озарбойҷон ва Исроил бо эътои нишони “Дӯстӣ” қадрдонӣ шавад.

Эътои нишони давлатии дӯстии ҷумҳурии Озарбойҷон ба намояндаи Ҳизби “Исроил хонаи мо” дар парлумони (Кнессет) режими саҳюнистӣ дар ҳолест, ки мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон бар қатъи равобит бо режими саҳюнистӣ таъкид доранд .

Боварҳои мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон бо изҳороти мақомҳои давлати Илҳом Алиев комилан мутафовит аст ва дар нуқтаи муқобил қарор доранд.

Бо вуҷуди ин тафовути дидгоҳ, дипломатҳо ва мақомҳои режими Исроил ҳар аз гоҳе бо иҳонат ба мусулмонони ҷумҳурии Озарбойҷон, бахше аз аҳдофи нажодпарастонаи худро буруз медиҳанд .

Бо вуҷуди онки режими ишғолгари Қудс аз соли 1993 дар Баку сафорат доир кардааст, аммо давлати Илҳом Алиев токунун муваффақ ба гушоиши сафорат дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин нашудааст ва далели аслии ин амр, мухолифатҳои мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон будааст, чун мусулмонони ҷумҳурии Озарбойҷон боварҳои ҷиддӣ дар бораи нобудии Исроил доранд .

Ба унвони як намуна метавон ба изҳороти Ҳоҷӣ Обгул Сулаймонов, рӯҳонии барҷастаи шиа ва маҳбус дар ҷумҳурии Озарбойҷон ишора кард.

Вай дар моҳҳои поёнии соли 2015 бо интишори номае дар матбуоти Баку таъкид кард, “То замони муҳаққақ шудани фармудаи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ мабнӣ бар нобудии режими саҳюнистӣ то 25 соли оянда, даст аз муқовимат нахоҳем кашид”.

Дар муқобили хадамоти якҷонибаи раисҷумҳури Озарбойҷон ба режими нажодпарасти Исроил, дастандаркорони ин режим бо ифшои бахше аз масоили дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон ва ё равобит бо давлати Илҳом Алиев, зимни ҷанҷолофаринӣ, сирфан бар мушкилоти давлати Илҳом Алиев меафзоянд .

Рӯзномаи Ҳааретс борҳо дар бораи ҷумҳурии Озарбойҷон матолиби ифшогарона мунташир кардааст, ки хариди дача ва мулк дар Фаластини ишғолӣ аз сӯи фарзандони Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон танҳо як намунаи он будааст.

Ҳазфи парчами ҷумҳурии Озарбойҷон дар дидори Илҳом Алиев ва Шимон Перес дар Давоси Швейтсария низ намунаи дигаре аз талошҳои Исроил барои ҷанҷолофаринӣ алайҳи як кишвари мусулмон аст .

Бояд гуфт, талоши давлати Илҳом Алиев барои густариши ҳарчи бештари робита бо режими саҳюнистӣ дар ҳолест, ки ин режим ҳамасола бо ноамн эълом кардани ҷумҳурии Озарбойҷон, зимни посух ба хушхидматиҳои мақомҳои озарӣ, ба бархе сӯитафоҳумоти байналмилалӣ алайҳи ин кишвари мусулмон доман мезанад.

 

Барчасп