Январ 01, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Дасти раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯи мошаи силоҳи атомӣ

Раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзи душанбе дар суханронии телевизионии худ ба муносибати оғози соли нав гуфт, тугмаи силоҳи ҳастаӣ ҳамеша рӯи мизи ӯст.

Ким Ҷонг Ун афзуд: Саросари хоки Амрико дар тирраси таслеҳоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ қарор дораду Вашингтон ҳаргиз қодир ба оғози ҷанг алайҳи Кореяи Шимолӣ нахоҳад буд .

Раҳбари Кореяи Шимолӣ афзуд: Пхенян ба дунболи тавлиди анбуҳи кулоҳакҳои ҳастаӣ ва мушакҳои баллистик аст .

Ким Ҷонг Ун дар айни ҳол бар зарурати беҳбуди равобити Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ таъкид карду гуфт: Масири гуфтугӯ боз аст .

Мақомоти Пхенян пештар борҳо таъкид карда буданд, Кореяи Шимолӣ ба далели таҳдидоти Амрико ба таслеҳоти ҳастаӣ ниёз дорад .

Танишҳо миёни Амрикову Кореяи Шимолӣ бо рӯйкарди ҷангталабонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико беш аз пеш шиддат ёфтааст .

Трамп борҳо Кореяи Шимолиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид кардааст .