Январ 01, 2018 17:00 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати раиси Маҷлиси Сенати Афғонистон бо интисоби писари Ҳикматёр

Раиси Маҷлиси Сенати Афғонистон бо узвияти писари раиси Ҳизби исломии ин кишвар дар Маҷлиси Сенат мухолифат кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар нишасте бо Фазл Ҳодӣ Муслимёр раиси Маҷлиси Сенат, аз ӯ хостааст, то заминаи интисоби Ҳабибулраҳмон Ҳикматёр, писари Гулбиддин Ҳикматёрро дар ин ниҳоди қонунгузор фароҳам кунад, аммо Муслимёр ин дархостро рад кардааст .

Раиси Маҷлиси Сенати Афғонистон дар вокуниш ба дархости Ашраф Ғанӣ гуфтааст, таъини писари Ҳикматёр ба намояндагии Маҷлиси Сенат сабаби эҷоди ихтилофоти қавмӣ дар ин ниҳод хоҳад шуд .

Вай ҳамчунин аз Ашраф Ғанӣ хостааст, то аз талош барои таъини писари Ҳикматёр ба унвони намояндаи маҷлис худдорӣ кунад .

Пеш аз ин низ Муслимёр дар вокуниш ба қонуншиканиҳои аъзои Ҳизби исломӣ дар вилояти Тахор аз давлати Афғонистон хоста буд, то алайҳи онҳо иқдом кунад .