Январ 01, 2018 18:43 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Созмони милал дар бораи тахриби садҳо рустои мусулмонон дар Мянмар

Созмони милали муттаҳид эълом кард, нерӯҳои амниятии Мянмар садҳо рустои мусулмонони Роҳингия дар ин кишварро тахриб кардаанд.

Созмони милали муттаҳид эълом кард, ин рустоҳо дар иёлоти Рахин дар ғарби Мянмар замоне маскунӣ буданд, вале дар шароити кунунӣ ба сурати комил бар асари оташсӯзӣ аз байни рафтаанд .

Дидабони ҳуқуқи башар низ 18 декабри 2017 эълом кард, 354 русто ба сурати комил ё нисбӣ тахриб шудаанд .

Нерӯҳои амниятии Мянмар бо берун рондани мусулмонони роҳингияӣ аз иёлоти Рахин, хонаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва рустоҳои ин иёлотро ба оташ кашиданд .

Дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркубгаронаи артиши Мянмар алайҳи мусулмонони Роҳингия, аз авохири август токунун, беш аз шаш ҳазор нафар кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва беш аз 800 ҳазор нафар маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд .