Январ 04, 2018 12:15 Asia/Dushanbe
  • Оғози бархурд бо шабакаҳои иҷтимоӣ дар Аврупо

Олмон аз оғози соли 2018 қонуни ҷадидеро ба иҷро мегузорад, ки ба муҷиби он шабакаҳои иҷтимоии бо беш аз ду миллион корбар муваззафанд, постҳои ҳовии матолиби ғайриқонунии сареҳро то 24 соат пас аз иттилоъ аз вуҷуди онҳо, аз саҳифаи худ ҳазф кунанд.

Ширкатҳое, ки ин қонунро риоят накунанд, бо ҷаримаҳои қобили таваҷҷуҳе то 50 миллион евро мувоҷеҳ хоҳанд шуд .

Ин қонун дар дараҷаи нахуст дар бораи Твиттер, Ютуб ва Фейсбук иҷро мешавад.

Иҷрои ин қонӯн дар Олмон ба унвони бузургтарину муҳимтарин кишвари Иттиҳодияи Аврупо ба манзалаи муқаддамае барои тасвибу иҷрои қавонини мушобеҳе тавассути дигар кишварҳои аврупоӣ хоҳад буд .

Илова бар халофкороне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои мақосиде монанди фиребкорӣ ва шайёдӣ, дуздии интернетӣ, қочоқи инсон, хариду фурӯшҳои ғайриқонунӣ ва бисёре мавориди мушобеҳ истифода мекунанд, яке аз дағдағаҳои муҳими давлатҳои аврупоӣ монанди Олмон истифодаи рӯзафзуни гурӯҳҳои террористӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Ба гуфтаи Роб Уэйнрайт, раиси Европол (полиси Аврупо), ДИИШ дар ҳоли тавсеаи расонаҳои иҷтимоии худ аст, то битавонад мавозеъ ва масоили марбут ба худро мунташир кунад .

Ҳадафи ингуна иқдомот дар ваҳлаи нахуст таблиғу тавҷеҳи мавзеъгириҳо ва иқдомоти ДИИШ аст.

Аммо ҳадафи муҳимтари ин фаъолиятҳои сайберӣ, дар воқеъ ҷазби ҷавонони аврупоӣ ба вижа муҳоҷирони мусулмон дар кишварҳое монанди Олмон, Фаронса ва Британия ба манзури истифода аз онҳо барои амалиёти террористӣ дар Аврупо аст.

Дар майи 2017 Европол аз густариши шабакаҳои иҷтимоии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Аврупо хабар доду эълом шуд, ки беш аз ду ҳазор мавриди расонаӣ дар иртибот бо ДИИШ кашф шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин заминаҳо, иқдоми давлати Олмон дар воқеъ барои пешгирӣ аз идомаи чунин раванди мухаррибе чи дар буъди сӯиистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои мақосиди иқтисодии ғайриқонунӣ ва чи барои мақосиди террористӣ сурат гирифтааст.

Бо ин ҳол, яке аз авомили таъинкунанда дар ин замина мизони ҳамкории ширкатҳои соҳиби шабакаҳои маҷозӣ хоҳад буд.

Дар айни ҳол, бархурди дугонаи аврупоиҳо бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва вазъи қавонини сахт барои ин шабакаҳо дар ҳоле, ки аз маҳдудияти эҷодшуда барои онҳо дар дигар кишварҳо интиқод мекунанд, аз сиёсатҳои мутаноқизи ғарб маҳсуб мешавад .

 

Барчасп