Январ 05, 2018 20:47 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Русия ба ихроҷи шаҳрванди худ аз Латвия

Русия ба иқдоми давлати Латвия дар ихроҷи як рӯзноманигори рус аз ин кишвар эътироз кард.

Ба гузориши ОИР “Новости”, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия эълом кард, Олга Курлаева, рӯзноманигори телевизиони русии ВГТРК, ки дар Латвия фаъолият мекард, бар пояи иттиҳомоти пӯч аз Латвия ихроҷ шудааст.

Мақомоти Латвия пас аз муттаҳам кардани Олга Курлаева, хабарнигори рус ба таҳдиди амнияти миллии Латвия шаби панҷшанбе ӯро бо автобус ба марзи Латвия ва Русия мунтақил ва аз Латвия ихроҷ карданд. Рӯзи сешанбе низ ҳамсари Курлаева, ки ӯ низ рӯзноманигор аст, эълом кард, дар Рига, пойтахти Латвия боздошт шуда ва ба зудӣ аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Латвия воқеъ дар шимолу шарқи Аврупо, аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Иттиҳоди Аврупо пайваст ва соли 2004 узви НАТО шуд.  Русия борҳо бо эъломи нигаронӣ аз ҳузури НАТО наздики марзҳои худ онро омили бесуботӣ дар минтақа ва тақвияти мусобиқаи таслиҳотӣ миёни кишварҳо донистааст.

 

Барчасп