Январ 06, 2018 15:49 Asia/Dushanbe
  • Инзивои Амрико дар Шӯрои Амният бар сари мавзӯи Эрон

Нишасти ҷумъашаби Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо мавзӯи иғтишошоти ахир дар Эрон, ки бо фишори Амрико баргузор шуд, бидуни ҳеҷ натиҷае поён ёфт ва талоши ин кишвар барои во доштани Шӯрои Амният ба мавзеъгирӣ дар ин бора ба инзивои худаш анҷомид.

Аксарият қариб ба иттифоқи аъзои Шӯрои Амнияти СММ бо радди дархости Амрико, салоҳияти ин ниҳоди байналмилалӣ дар расидагӣ ба мавзӯи иғтишошоти ахир дар Эронро рад карданд.

Пеш аз баргузории ин нишаст ба дархости Русия як нишаст пӯшида баргузор шуд то мушаххас шавад чӣ теъдод аз аъзои Шӯрои Амният хостори баргузории чунин нишасте ҳастанд.

Дар нишасти ғайриалании Шӯрои Амният, Амрико бо эъмоли фишор тавонист беш аз ниме аз орои аъзои Шӯрои Амният ( 9 аз 15)-ро барои баргузории нишасти боз бигирад.

 Дар нишасти алании Шӯрои Амният аммо бештари аъзо ҳар як бо ибороте тақрибан мушобеҳ эълом карданд, нооромиҳои ахир дар Эрон сулҳ ва амнияти ҷаҳониро ба мухотира наандохтааст ва ба ҳамин иллат Шӯрои Амнияти Созмони Милал салоҳияти расидагӣ ба ин мавзӯро надорад.

Никки Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар СММ, ки кишвараш парвандаи пурҳаҷме аз мудохила дар умури дохилии Эрон дорад, дар ибтидои ин нишаст таъкид кард, Вашингтон аз иғтишошгарон дар Эрон комилан ҳимоят мекунад.

Давлати Амрико дар болотарин сатҳи сиёсӣ, яъне тавассути шахси раиси ҷумҳурии ин кишвар тайи қариб як ҳафта аз иғтишошгарон дар Эрон, ки бо равишҳои хушунатомез ва баъзан ҷинояткорона, даст ба ошӯб ва тахриби амволи хусусӣ ва умумӣ зада буданд, ҳимоят кардааст.

 Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин хусус дар Твиттер навишт: “Шӯрои Амният ба талоши ошкори Амрико барои дасткорӣ ва рабудани маъмурияти ин шӯро “на” гуфт. Як иштибоҳи бузурги дигар аз сӯйи давлати Трамп дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ”.

Дар рӯзҳои гузашта теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое ба маълум нашудани таклифи молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо ва заъфи назорати давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯйи фурсатталабон ва иғтишошгарон дар сояи ҳимояти хориҷӣ ба ошӯб кашида шуд.