Январ 07, 2018 12:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Трамп барои музокира бо раҳбари Кореяи Шимолӣ

Раисҷумҳури Амрико омодагии худро барои гуфтугӯ бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ бар асоси шароити муайян эълом кард.

Ба гузориши “Спутник”, Доналд Трамп хотирнишон кард, барои музокира омодааст. Ӯ ҳамчунин қотеъ будани мавзеи худ нисбат ба Кореяи Шимолиро мавриди таъкид қарор дод. Трамп ба ин савол, ки оё барои музокира бо раҳбари Кореяи Шимолӣ бидуни шароити муқаддамотӣ омодагӣ дорад, посухи манфӣ дод.

Пештар раисҷумҳури Амрико аз музокироти мустақими мақомҳои Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ҳузури варзишкорони Кореяи Шимолӣ дар бозиҳои олимпии зимистонаи Пхенян ҳимоят карда буд.