Эрдуғон: Аз Амрико шикоят мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28111-Эрдуғон_Аз_Амрико_шикоят_мекунем
Ҳукми додгоҳи Амрико алайҳи муовини мудири Ҳолкбонк(Бонки Халқ)-и Туркия, хашми раисиҷумҳури Туркияро барангехтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2018 07:58 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Аз Амрико шикоят мекунем

Ҳукми додгоҳи Амрико алайҳи муовини мудири Ҳолкбонк(Бонки Халқ)-и Туркия, хашми раисиҷумҳури Туркияро барангехтааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ҳуррият”-и ин кишвар, дар вокуниш ба маҳкум шудани Муҳаммад Ҳакан Атилла, мудири Ҳолк Бонк дар додгоҳи Ню-Йорк, давлати Амрикоро ба шикоят таҳдид кард.

Раисиҷумҳури Туркия гуфт, ҳукми додгоҳи Амрико алайҳи муовини Ҳолкбонк (Бонки Халқ), мӯҷиби бадномшудани ин бонк шуда ва агар лозим бошад, ӯ ба ин далел аз Амрико шикоят хоҳад кард.

Муҳаммад Ҳакан Атилла, муовини мудиромили ҲолкБонк, бонки давлатии Туркия аст.

Ӯ рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, дар додгоҳе дар Ню-Йорк дар панҷ маврид иттиҳоми ворид шуда, аз ҷумла пулшуӣ ва ончӣ кумак ба Эрон дар давр задани таҳримҳо хонда шудааст, маҳкум шинохта шуд.

Ҳукми додгоҳ моҳи апрел эълом хоҳад шуд.