Январ 08, 2018 12:02 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти кӯдаки рабуда шуда барои ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон

Неруҳои амниятии Афғонистон писарчаеро, ки барои анҷоми ҳамлаи террористӣ рабудашуда буд, аз банди террористҳо наҷот доданд.

Дафтари матбуоти фармондеҳи пулиси вилояти Вардаки Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, террористҳо як писарчаи 12 соларо аз минтақаи “Company” дар ғарби шаҳри Кобул рубуда ва қасд доштанд, ӯро барои анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ омода кунанд, ки ноком монданд.

Неруҳои амниятии афғон омилони рабудани ин кӯдакро дар шаҳристони “Jalrez”-и вилояти Вардак, шиносоӣ ва боздошт карданд ва кӯдаки рабудашударо ба хонаводааш супурданд.

Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳамвора, аз кӯдакон барои иҷрои ҳамалоти интиҳорӣ истифода мекунанд.