Ҳушдори Маскав ба Вашингтон дар бораи коршиканӣ дар раванди интихоботи Русия
(last modified Wed, 10 Jan 2018 16:40:55 GMT )
Январ 10, 2018 21:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав ба Вашингтон дар бораи коршиканӣ дар раванди интихоботи Русия

Сафорати Русия дар Амрико дар бораи коршиканӣ дар раванди интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи марти ин кишвар ҳушдор дод.

Ба нақл аз ИТАР-ТАСС, Сафорати Русия дар Амрико бо интишори баёниае ҳушдор дод, иқдомоте монанди дархости содир шудани муҷаввизи ширкати фарди хосе дар интихобот ва дигар талошҳои риёкорона бо ҳадафи фишор овардан бар мақомоти Русия, ба маънии дахолати мустақим дар умури ин кишвар аст.

Дар баёния омадааст: Шубҳаафкании мақомоти амрикоӣ дар фароянди интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Русия, иқдоме ғайридемократик ва беарзиш аст ва бояд таваҷҷуҳ дошт, ҳамаи ин иқдомот ҳамзмон бо тарҳи мавҷе аз иддаоҳои ғайривоқеӣ ва дурӯғ дар бораи дахолати Русия дар фароянди интихоботи дигар кишварҳо анҷом мешавад.

Сафорати Русия ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, Амрико дар раванди мушорикати шаҳрвандони руси сокини Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия коршиканӣ ва ихлол накунанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия марти 2018 баргузор мешавад.