Дипломатҳои аврупоӣ: Ҳадафи нишасти Брюссел ҳимоят аз БарҶом аст
(last modified 2018-01-11T05:33:31+00:00 )
Январ 11, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Дипломатҳои аврупоӣ: Ҳадафи нишасти Брюссел ҳимоят аз БарҶом аст

Дипломатҳои аврупоӣ ҳадаф аз нишасти имрӯз (панҷшанбе)-и вазирони умури хориҷаи Эрон, Фаронса, Британия ва Олмонро дар Брюссел таъкиди муҷаддад барои ҳимояти Аврупо аз тавофуқи ҳастаии БарҶом гуфтанд.

Хабаргузории “Рейтерс” ба нақл аз дипломатҳои аврупоӣ навишт, қудратҳои аврупоии тарафи БарҶом дар нишасти Брюссел, ба Теҳрон дар бораи пойбандии худ ба БарҶом итминони хотир хоҳанд дод.  

Як дипломати аврупоӣ, ки номаш фош нашудааст, гуфт, ҳадафи нишасти панҷшанбеи Брюссел ирсоли ин паём ба Вашингтон аст, ки Эрон ба тааҳҳудоташ пойбанд аст. Бинобар ин, ҳифзи БарҶом ба мунзавӣ кардани Теҳрон афзалият дорад.

Нишасти вазирони умури хориҷаи Эрон, Британия, Олмон ва Фаронса дар Брюссел бо ҳузури Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо баргузор хоҳад шуд.

Ин дидор дар остонаи эъломи тасмими раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи БарҶом баргузор мешавад.

Трамп рӯзи ҷумъа эълом хоҳад кард, ки оё таъхири таҳримҳои Эронро тибқи тавофуқи БарҶом тамдид мекунад ё аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ мешавад.