Амрико душмани нахусти русҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28331-Амрико_душмани_нахусти_русҳо
Натоиҷи охирини назарсанҷии як маркази умумӣ дар Русия нишон медиҳад, ки аксари русҳо Амрикоро душмани шумораи яки худ медонанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Амрико душмани нахусти русҳо

Натоиҷи охирини назарсанҷии як маркази умумӣ дар Русия нишон медиҳад, ки аксари русҳо Амрикоро душмани шумораи яки худ медонанд.

Ба гузориши ИРНА, натиҷаи назарсанҷии ахири Маркази санҷиши афкори умумии “Левада-Сентр” нишон медиҳад, ки 68 дарсади русҳо, Амрикоро ҳамчунон душмани шумораи яки Русия медонанд.

Бар асоси ин гузориш, панҷ сол пеш дар назарсанҷии мушобеҳ дар ин марказ, 56 дарсади русҳо мӯътақид буданд, ки Амрико душмани шумораи яки Русия аст; Бино бар ин бадбинии русҳо ба Амрико дар ин муддат, 12 дарсад бештар шудааст.

Бар асоси додаҳои ин назарсанҷӣ, 29 дарсад аз посухдиҳандагон пас аз Амрико, Украинаро душмани шумораи дуи Русия донистаанд ва Иттиҳодияи Аврупоро бо 14 дарсад, сеюмин душмани кишвар худ медонанд.

Ин назарсанҷии авохири декабри 2017 сурат гирифт ва пурсишномаҳое ба якҳазору 600 нафар аз 137 минтақаи Русия бо миёнгин синии мухталиф дода шудааст.