Январ 13, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Иттиҳоди Африқо аз суханони тавҳиномези Трамп

Иттиҳоди Африқо суханони тавҳиномези раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи кишварҳои африқоӣ маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ебба Калондо, сухангӯи Мусо Факи,  раиси Комиссияи Иттиҳоди Африқо эълом кард, ин иттиҳодия рӯзи ҷумъа суханони тавҳиномези Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи Ҳаити (Гаити) ва кишварҳои африқоӣ маҳкум кард.

 Коландо афзуд, суханони тавҳиномези Трамп дар бораи Африқо ва Ҳаити барои атбои Африқо дар Амрико, шаҳрвандони кишварҳои Африқо ва ба вижа африқоиҳое, ки аҷдодашон ба унвони барда вориди Амрико шуданд дардовар аст.

 Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи панҷшанбе дар изҳороти тавҳиномез, Ҳаити ва кишварҳои африқоиро “касофатхона” номид ва таваққуфи пазириши муҳоҷир аз ин кишварҳоро хостор шуд.