Ҳамла ба як духтарчаи боҳиҷоб дар Канада
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28405-Ҳамла_ба_як_духтарчаи_боҳиҷоб_дар_Канада
Пулиси Торонтои Канада эълом кард, марде рӯзи ҷумъа, қайчӣ дар даст бо наздик шудан ба духтарчаи боҳиҷоб дар ин шаҳр, русарии ӯро пора кард ва аз маҳал гурехт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 13, 2018 16:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба як духтарчаи боҳиҷоб дар Канада

Пулиси Торонтои Канада эълом кард, марде рӯзи ҷумъа, қайчӣ дар даст бо наздик шудан ба духтарчаи боҳиҷоб дар ин шаҳр, русарии ӯро пора кард ва аз маҳал гурехт.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, ин духтарчаи 11 сола дар мусоҳиба бо телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, марде бо гуфтани носазо ба вай, ҳамла ва бо қайчӣ русариашро пора кардааст.

Пулиси Торонто эълом кардааст, ба ин духтарча осебе нарсидааст.

Пеш аз ин низ дар иқдоме исломситезона дар тирандозӣ ба самти як масҷид дар шаҳри Квебеки Канада, панҷ нафар кушта ва теъдоде маҷрӯҳ шуданд.