Январ 13, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Амрико ба мардуми шарқи Афғонистон

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба мардуми мӯътариз ба ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, 13 кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши “Радио Пашту” бурун марзӣ, ин ҳавопаймоҳо гурӯҳе аз мардуми минтақаи Маҳмманд Дараи аҳристони Ачин дар шарқи Афғонистонро, ки ба ҳузури ДИИШ дар ин вилоят мӯътариз буданд, ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Дар натиҷаи ин ҳамла, 13 ғайринизомӣ ҷон бохтанд ва шумори дигаре низ захм шуданд.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, устондори Нангарҳори Афғонистон ин ҳамларо таъйид кард.

Пеш аз ин Зоҳир Қадир, намояндаи мардуми устони Нангарҳор дар Маҷлиси Афғонистон, аз ҳимояти низомиёни амрикоӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин устон, хабар дода буд.

70 дарсади устони Нангарҳор таҳти ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ ва Толибон қарор дорад.